Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба муҳимияти тағйироту иловаҳо ба қонунгузории кишвар оид ба истифодаи оқилонаи барқ ҳамоиш баргузор гардид. Аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки нерӯи барқро сарфакорона исифода намуда, маблағи онро саривақт пардохт кунанд. Коршиносон ба он назаранд, ки пурзӯр гардидани назорат дар соҳаи энергетика, пеш аз ҳама барои боз ҳам беҳтар шудани таъминоти барқ ба аҳолӣ, корхонаву ташкилот ва дигар муштариён мебошад. Истифодаи оқилонаву сарфакоронаи қувваи барқ ба сатҳи иқтисодии ҳар оила манфиат меорад.
