10.06.2026 04:33

Кишоварзону деҳқонони вилоят бо истифодаи самараноку оқилонаи замин, ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави парвариш талош бар он доранд то ҳосилнокии тамоми намуди зироат баланд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шавад. Дар ин раванд истифодаи ҳар ваҷаб замин муҳим буда, сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ ба кишту парвариши анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ машғул мешаванд. Салимҷон Хоҷаев сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ. Расулов дар замини наздиҳавлигии худ дар масоҳати 8 садяк гармхона бунёд намуда, дар он парвариши помидор ва бодарингро ба роҳ мондааст. Номбурда ҳамроҳи аҳли оилааш ҳамарӯза дар ин гармхона фаъолият дошта, барои рӯёнидани ҳосили баланд талош меварзад.