Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марҳилаи ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид. Дар озмун хонандагону омӯзгорон ва дӯстдорони китоб иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври вилояти роҳ меёбанд. Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи аввали озмуни мазкур, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор шуд 12 ҳазор нафар иштирок намуданд ва аз байни онҳо 4 ҳазор нафар ба марҳилаи ноҳиявӣ роҳ ёфтанд.
