Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати корӣ баргузор гардид, ки ба таҳлили фаъолияти сохторҳои идеологӣ ва тарғиботиву фаҳмонидадиҳӣ равона гардидааст. Ҳадафи баргузории машварат муайян кардани роҳҳои беҳтарсозии кор бо ҷомеа ва таҳкими маърифати сиёсиву иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ ба шумор меравад. Дар ҷараёни машварат натиҷаҳои омӯзиши гурӯҳи корӣ пешниҳод гардида, зарурати таҳкими корҳои тарғиботиву фаҳмонидадиҳӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ муҳим арзёбӣ гардид.
