Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Исфара ба рушди соҳаи маориф аҳмияти хоса равона гардида, бо таваҷҷуҳ ва пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллӣ кӯдакистонҳои нав бунёд ва бинои муассисаҳои томактабии мавҷуда таъмир мегардад. Имрӯз дар шаҳри Исфара 3142 нафар дӯстрӯякон дар 32 кӯдакистони давлатӣ ва тобеъи корхонаву ташкилот таълиму тарбия мегиранд. Ҳамзамон ба ифтихори 35 солагии истиқлоли давлатӣ сохтмон ва таҷдиди бинои наву иловагии муассисаҳои тамактабӣ идома дорад.
