Саривақт гузаштан аз муоинаи тиббӣ имконият медиҳад, ки ҳамагуна бемориҳо пешгирӣ ва муолиҷа карда шавад. Бо мақсади кӯмак расонидан ба аҳолӣ ва ройгон гузаронидани муоинаи тиббӣ аз ҷониби табибони Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят “Корвони саломатӣ” ташкил карда шуд. Ба сокинони ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби табибони ин марказ ёрии амалии методӣ, маслиҳатдиҳӣ ва дарёфти бемориҳои дилу рагҳо гузаронида шуд. Дар ин рӯз ба мутахассиси дилшинос 498 нафар, ҷарроҳи дил — 19 нафар ва ба ҷарроҳи рагҳои хунгард – 18 нафар муроҷиат карда, маслиҳатҳои муфид гирифтанд.
