10.06.2026 04:32

Дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Исфара дар доираи чорабиниҳои марбут ба моҳвораи ҷавонон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гашт. Хизмат ба ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир сафи ҷавонони содиқу меҳанпарвар хеле афзуда истодааст. Бояд тазаккур дод, ки вазифаи муҳими ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифзи марзу буми ватан аст.