Дар ноҳияи Зафаробод ба ифтихори 35 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ идома дошта то таҷлили ин санаи фархунда сохтмон ва бунёди 500 иншоот дар назар дошта шудааст. Дар ин раванд дар деҳаи Логини ноҳияи Зафаробод майдони хурди футбол мавриди истифода қарор гирифт. Майдони футбол бо такя ба дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ба тариқи ҳашар сохта шудааст. Варзишгоҳи деҳоти Логин дорои 2000 ҷойи нишаст буда, бо харҷи наздик 750 ҳазор сомонӣ таҷдиду навсозӣ гардидааст.
