10.06.2026 04:37

Марҳилаи интихобии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои 18 солаи вилояти Суғд ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар доираи чемпионати мазкур тайи 8 рӯз дар варзишгоҳи Лочини шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар чемпионати мазкур 13 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда байни ҳам сабқат карданд. Ду дастаи беҳтарини ин чорабинии варзишӣ ба Лигаи пешсафи кишвар роҳхат гирифтанд.