10.06.2026 04:36

Ҳамасола  санаи 12 уми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи шашмақом таҷлил карда мешавад. Бахшида ба Рӯзи Шашмақом дар Муассисаи давлатии “Қалъаи Хуҷанд” бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чорабинии фарҳангӣ ва консерти идона бо иштироки ҳунармандони ансамбли “Нури Хуҷанд” ва ансамблҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор гашт.