Бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир як қатор озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор карда мешавад. Ҳадаф ҷалби сокинон ба илму фарҳанг ва тарғибу ташвиқи оину суннатҳои аҷдодӣ ба шумор меравад. Маҳз дастгириҳои маърифатпарваронаи Сарвари давлат аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи мардум ва бахусус насли ҷавон ба мутолиаи китоб ва баланд бардоштани сатҳи дониш афзудааст.
Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” худ далели ҷалби аҳолии кишвар, бахусус насли наврас ба китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баланд бардоштани доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа маҳсуб меёбад.
