Дар шаҳри Истаравшан дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ румӣ барои дарёфти ҷоми раиси шаҳр баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзиши беш аз 200 нафар варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ва Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Маврид ба зикр аст, ки гӯштини юнонӣ-румӣ сол аз сол дар кишвари мо рушду нумӯ ёфта истодааст. Айни замон дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 2 ҳазор нафар кудакону наврасон ва ҷавонон дар ин намуд машқу тамрин менамоянд.
Мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён гирифта гӯштингирон дар вазнҳои аз 32 то 85 кг майдондорӣ карданд. Баъди рақобатҳои ниҳоӣ ғолибону ҷоизадорон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷому ҷоизаҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қадрдонӣ карда шуданд.
