Дар боғи фарҳанги фароғатии ноҳияи Б. Ғафуров дар доираи чорабиниҳои марбут ба моҳвораи ҷавонон маросими савгандёдкунӣ баргузор гашт. Дар он сарбозони шуҷову ғаюри қисми ҳарбии 14 356-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати содиқона ба халқу ватан қасам ёд намуданд.
Ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ шарафу номус ва ифхтихору саодатмандӣ ба шумор меравад. Боиси каноатмандист, ки хамасола сафи ихтиёриён зиёд гардида, имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмони обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмати ватан-модарро ба ҷо меоранд.
