Давоми як моҳ дар ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров чемпионат оид ба футбол байни маҳаллаҳои ин ҷамоат доир шуд. Дар он 11 даста бо иштироки беш аз 150 нафар варзишгар ширкат варзиданд. Дар даври ниҳои дастаҳои «Лега» ва «Қалъача» бо ҳам вохӯрда бозии шавқовар нишон доданд. Бозии мазкур бо ҳисоби 5 бар 2 ба фоидаи дастаи «Лега» ба анҷом расид.
