10.06.2026 04:36

Соли ҷорӣ бо мусоид омадани ҳаво ва шароити пешовардаи табиат ҳосили боғоти зардолу дар хоҷагии деҳоти вилоят басо фаровон буда, интизорӣ меравад, ки имсол боғдорон нисбати соли гузашта бештар ҳосили хушсифати зардолу ҷамъоварӣ намуда, содироти онро ба роҳ монанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли сипаришуда дар хоҷагиҳои кишоварзӣ беш аз 180-ҳазор тонна меваҷот истеҳсол карда шудааст ва қисми бештари онро ҳосили зардолу ташкил медиҳад. Имсол низ хоҷагидорон азм дорад, ки бо ҷамъоварии бештари ин навъи мева ба дастоварди назаррас ноил гарданд. Алҳол дар ноҳияи Ашту Б. Ғафуров ва Конибодом ҳосили пухтарасидаи зардолуи пешпазак ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.