10.06.2026 04:30

Мулоқоти намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо кормандони шабакаи кӯмаки аввалияи тибию санитарии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ки дар он доир ба амалҳои коррупсионӣ ва пешгирии ин амали номатлуби ҷомеъа маърузаҳо шунида шуд.

Коррупсия яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир маҳсуб меёбад. Аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои паст намудани чунин падидаи номатлуб мубориза бурда, нисбати ин масоил диққати махсус медиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷиҳати коҳиш додани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он чораҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст.