10.06.2026 04:28

Дар маҷлисгоҳи Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷамъомади таълимӣ-методӣ бо иштироки муовинони командири қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ тарбиявӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории ҷамъомади таълимӣ-методӣ баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии афсарони касбӣ, пешгири намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва кирдорҳои ғайриоинномавӣ дар байни ҳайати шахсӣ ба ҳисоб меравад.