10.06.2026 04:34

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бо шукӯҳи хоса таҷлил гардид. Дар ин раванд чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Шабе дар осорхона” гузаронида шуд. Дар замони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба осорхонаҳо ҳамчун маҳзани ҳифз ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Осорхона маконест, ки бо воситаи ёдгориҳои худ метавонад ба ҳиссиёти тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори таърихӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбият намояд.