10.06.2026 04:38

Дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Осиёи марказӣ оид ба УШУ баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ наздик 300 нафар варзишгар аз минтақаҳои гуногун кишвар ва 4 давлати дӯсту ҳамсоя иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Маврид ба зикр аст, ки намуди УШУ сол аз сол дар Тоҷикистон рушду нуму ёфта истодааст ва варзишгарони кишвари мо дар ин намуд дар мусобиқаҳои байналхалқию ҷаҳонӣ ба дастовардҳои арзанда ноил мешаванд.