Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” ташкил ва баргузор карда шуд. Озмуни мазкур бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигаҳдошти беҳтарин сунатҳои миллии ниёгон дар самти тайёр намудани таомҳои миллӣ, хуришҳо, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ, омодасозии духтарон ба ҳаёти мустақилона баргузор гардид. Даври аввали озмун дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти нохия баргузор гашта, беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд, ки дар он ҳунари худро аз рӯи 5 шарт пешкаш намуданд. Ғолибон дар даври вилоятӣ ноҳияи Б. Ғафуровро муаррифӣ месозанд.
