10.06.2026 04:33

Санаи 20 май ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии метрология қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд семинар-машварат дар мавзӯи “Нақши метрология дар соҳаи ҳифзи муҳити зист” доир гардид. Дар семинар баробари омӯзиши таърихи пайдоиши метрология ва аҳмияти он дар ҷомеа ва доир ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини ченаки ягона” табодули афкор сурат гирифта, паҳлуҳои муҳими мавзуҳои матраҳшуда таҳлилу баррасӣ гардид.

https://www.youtube.com/watch?v=PeKKJqeyg18