10.06.2026 04:38

Мулоқоти соҳибкорон, аъзоёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии Директори муассисаи давлатии маркази рушди содирот ва пешбурди он “Қиргиз Экспорт”-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар толори конфронсии меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд баргузор гашт. Дар ин вохӯрӣ соҳибкорони ду кишвари ба ҳам дусту бародар иштирок намуданд. Зимнан қайд гардид, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи сарони ду давлатҳои ба ҳам дӯсту ҳамсоя Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Соҳибкорон зимни суҳбати самимӣ изҳор доштанд, ки барои ба бозори чаҳонӣ баровардани молу маҳсулот ва мустаҳкам намудани мавқеи хеш дар ин самт ҳамкориҳо ва доду гирифти тарафайн муҳим мебошад.