10.06.2026 04:27

Бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ ба меваҳои шаҳдбори кишварамон таи солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва беҳдошти сифати мевагиҳо равона гардидааст. Дар ин радиф дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди боғҳои интенсивӣ амалӣ карда мешавад. Дар вилояти Суғд ҳамасола майдони боғҳои интенсивӣ зиёд мегардад. Имрӯз дар миқёси вилоят 60 ҳазору 490 гектар боғоти дарахтони мухталиф арзи вуҷуд дошта, аз ин 44 ҳазору 368 гектараш ҳосилдеҳ мебошад.