Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон чиҳати захира кардани маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол тадбирҳои судманд меандешанд. Маводи хӯрока аз қабили шакар, асал, макарон, сабзавоти консервшуда, мураббо, меваҳои хушк, хокаи шир, чой, қаҳва, равғани растанӣ, биринҷ, орд ва ғайра метавонад барои муддати дароз нигоҳдорӣ шавад.
Айни замон дар аксар минтақаҳои мамлакат мавсими пухта расидани меваю сабазавот аст. Сокинон дар ин айём аз маҳсулоти кишоварзӣ консерваҳои гуногун, афшураю шарбатҳо омода намуда, барои солҳои оянда захира мекунанд, ки он аз ҷиҳати иқтисодӣ хело манфиатовар мебошад.
