Аз таъсисёбии Муассисаи давлатии коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд 95-сол пур шуд. Ба ин муносибат дар муассиса конфронси илмӣ амалӣ таҳти унвони “Нақши Муассисаи давлатии коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дар рушди ҳунар ва ривоҷи санъати миллӣ” баргузор гашт.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Коллеҷи санъат яке аз боргоҳи илму ҳунар аст, ки дастпарваронаш натанҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ балки берун аз он шуҳратёр гардида натанҳо санъати мусиқӣ балки санъати рассомиро низ дар намоишгоҳҳои байналмиллалӣ нишон дода аз соҳибҳунар будани мардуми тоҷик дарак медиҳанд.
