10.06.2026 04:30

Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок ба ҳисоб рафта, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат аҳамияти калон дорад. Дар миқёси  вилоят ба нуқтаҳои қабул супоридани  пилла ҷараён дошта дар ҳамаи 12 шаҳру ноҳияҳо ин маърака вусаъти тоза мегирад. Кирмакпарварони вилоят барои рӯёнидани ашёи хоми саноати кӯшиш ба харҷ дода нерӯи худро барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат равона мекунанд.