Дар Донишкадаи куҳию металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Технологияҳои инноватсионии истихроҷ ва боз коркарди канданиҳои фоиданок” баргузор гардид. Ин ҳамоиш дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноати кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар он меҳмонон аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ҳамчунин аз корхонаҳои саноатии кишвар ширкат варзиданд.
