10.06.2026 04:33

Дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи  ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоии оммавӣ таҳти унвони «Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” доир гардид. Дар роҳпаймоӣ беш аз 3500 нафар ҷавонони коллеҷи тиббӣ, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷамоати шаҳракҳои шаҳри Гулистон бо Парчам ва шиору овезаҳо иштирок намуданд.

Сипас чорабинии идона дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.