10.06.2026 04:34

Дар толори китобхонаи ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бо ҳузури аҳли илму адаби вилоят ва дӯстдорони каломи бадеъ рӯнамоии романи тозанашри нависанда Додохони Эгамзод “Ахтари сабз: чор китоби муаззам аз сиришти Имоми Аъзам” баргузор гардид. “Ахтари сабз” достони таърихӣ буда, аз фарҷоми пурҳангомаи охири подшоҳии давлати сосониён ва ғолиб омадани лашкари араб шуруъ мешавад. Нависанда давоми 15 сол сари эҷоди китоби мазкур заҳмат кашида, тавонист бо ин романи таърихии худ ҷаҳони имрӯзро бо сиришти Имоми Аъзам ва миллати тоҷик ошно созад.