10.06.2026 04:30

Дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ва трек баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ беш аз 60 нафар варзишгар аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Чемпионати мазкур бо мақсади дарёфти беҳтарин варзишгарони кишвар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Ғолибону ҷоизадорон бо медалу ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравии Федератсияи ВК сарфароз гардонида шуданд.