Санаҳои 29-31 май Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад. Ба ин муносибат дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, устодони донишгоҳҳо, масъулини обу ҳавошиносӣ ва кормандони ҳифзи муҳити зист конфронс баргузор гардид.
