Дар ноҳияи Б. Ғафуров даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” доир гардид. Дар озмун наздик 100 нафар иштирок намуда, барои роҳ ёфтан ба марҳилаи вилоятӣ донишу маҳорати худро пешкаши ҳайати ҳакамон намуданд. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ заминаи боэътимод гузошта, шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷавонону наврасон ба омӯзишу азхудкунии илму дониши муосир, техникаву технологияҳои замонавӣ шавқи зиёд дошта бошанд.
