Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуда, дар баробари Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соҳибкорону аҳолӣ дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд. Ин аст, ки дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо ҷалби сокинон ва ба тариқи дастаҷамъи корҳои ободониву созандагӣ рӯз аз рӯз авҷи тоза мегирад. Дар ҷамоати деҳоти Ворух аз 130 иншооти ба нақша гирифташуда, беш аз 100 адади он то имрӯз ба истифода дода шудааст.
