10.06.2026 04:27

Бунёду барқарорсозии ҷангал дар замони таъғйирёбии глобалии сайёра яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Кормандони хоҷагии ҷангали кишвар барои парвариши ниҳоли дарахтоне, ки дар минтақаи куҳӣ мутобиқанд тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Айни замон дар гармхона ва ниҳолхонаҳои хоҷагии ҷангали вилояти Суғд барои зиёд намудани ниҳоли дарахтони ба иқлим мутобиқ парвариши ниҳолони нодир ба роҳ монда шудааст. Дар ниҳолхонаи хурди минтақаи ҷангалпарварии шаҳри Конибодом беш аз 6 намуди ниҳоли дарахтони сояафкану мевадор, ки дар иқлими ҷангал мутобиқанд кишт карда шуда, мутахассисон барои парвариши онҳо корбарӣ менамоянд.