10.06.2026 04:33

Дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид. Дар фазои тантанавӣ наваскарон ҳар яке савганди сидқу вафодориро қабул намуда, барои хизмат ба ватан омодагии худро баён доштанд. Бо дастгирӣ, таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин шарту шароит дар тамоми қисмҳои низомии мамлакат фароҳам гардида, ҷавонон аз хизмати хеш сарфарозу ифтихорманд мебошанд.