Дар доираи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар майдони ситораҳои Хуҷанд озмуни расм дар рӯи мумфарш бо иштироки доираи васеъи кӯдакон ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин озмун зиёда аз 60 нафар муҳасиллини макотиби миёна ширкат варзида, маҳорату малакаи хешро пешкаши ҳайати ҳакамон намуданд. Кӯдакону наврасон бо тахаюлоти бою рангини хеш тавонистанд манзарҳои зебои ватанро тасвир намоянд. Дар охир беҳтаринҳо бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
