Дар Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак”-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид шуд, ки Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дорад ва ба ин муносибат тадбиру чорабиниҳои ҷолиб дар қаламрави мамлакат доир мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳ ба тақдири кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани имконоти моддию маънавиро вазифаи асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн меҳисобанд. Гуфта шуд, ки ҳамасола бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ба Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кўдак” таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад ва кўдакони ин Марказ бо тамоми шароиту имконият таъмин карда шудаанд.
