Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир гардид. Тағйирёбии глобалии иқлим, сол то сол гармтар шудани ҳаво аз мушкилоти ҷиддии экологиест, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст. Дар натиҷаи гармшавии иқлим дар бисёр минтақаҳо обшавии пиряхҳо, ки манбаи оби нӯшокианд, ба назар мерасад. Дар ин радиф ҳифзи пиряхҳо ин ҳифзи ҷони садҳо ташналаби минтақаҳои хушки кураи замин аст. Тағйирёбии иқлим боиси нобуд шудани сеяки пиряхҳои куҳӣ дар ҷаҳон гардидааст, ки ин на танҳо мушкилоти экологӣ, балки тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон аст.
