10.06.2026 04:32

Бо иштироки ҳунармандони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон фестивалии байналмилалии “Суруди дӯстӣ” баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки фестивали мазкур дар вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир карда шуд. Ба ҳам омадани намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ва ташкили як муҳити созгори дӯстӣ, нишона аз ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва муттаҳидии халкҳо мебошад.