Истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз омилҳои асосии фаровонии бозори истеъмолии мардум, беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот, имконияти фароҳам барои захираи зимистон ва дар маҷмуъ амаликунандаи амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб меёбад. Раванди истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ дар шаҳру деҳоти Истаравшан мавриди таваҷҷуҳи масъулини ҷамоатҳо қарор дошта, имрӯз мардум худ эҳсос кардаанд, ки бо истифодаи самараноки замин ва кишту истеҳсоли маҳсулоти бозоргир метавон дар беҳдошти иқтисодӣ ба натиҷаи дилхоҳ шарафёб гардид.
