Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон намояндагони суди вилояти Суғд бо аҳолӣ мулоқот намуда, дар баробари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин дар хусуси зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм ва хатару таҳдидҳо ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра маълумот медиҳанд. Мулоқоти намояндагони суди вилояти Суғд ин навбат бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.
