10.06.2026 04:38

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми вилояти Суғд баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ, ки тайи як моҳ идома ёфт, 26 даста аз ташкилоту муассиса ва ҷамоату маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда, байни ҳам сабқат карданд. Футболбозони дастаи Вавилони ноҳияи Мастчоҳ дар ин чорабинии варзишӣ маҳорати баланд нишон дода, соҳиби Ҷоми вилояти Суғд шуданд. Дастаи дигари пурқуввати ин мусобиқа Истаравшан мақоми дуюмро соҳибӣ кард.