10.06.2026 04:30

То ҷашни 35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод бунёду ба истифода супоридани 585 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар иҷрои амалҳои созанда саҳми сокинони ватандӯст хело назаррас арзёбӣ мегардад. Чанде аз сокинони меҳанпарасту хайрхоҳи ноҳия ҷиҳати иҷрои ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағҳои барои сафари ҳаҷ ҷамъ овардаашонро ба анҷоми амалҳои хайру савоб сарф намуданд.