Бахшида ба Рӯзи мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи футбол оғоз гардид. Дар ин мусобиқа 7 даста аз сохторҳои Раёсати мазкур иштирок доранд. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади ҷалби кормандон ба варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ва рушду оммавияти футбол роҳандозӣ карда шуд. Мусобиқаи мазкур то санаи 11-уми июл идома меёбад.
