Ғаллакорӣ яке аз шохаҳои муҳими соҳаи кишоварзиро ташкил дода, бо мақсади фаровонҳосилии зироати киштшуда тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Алҳол дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷамъоварии ғалладона ҷараён дорад. Соли 2025 дар миқёси хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд масоҳати ғалладонагиҳо тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзӣ нисбат ба соли 2024 зиёда аз 1000 гектар бештар арзёбӣ мегардад.
