Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Деваштич 9000 гектар картошка кишт хоҳад шуд, ки нисбат ба соли гузашта 800 гектар бештар аст. Бо истифода аз обу замин таҷрибаи солҳои гузашта ва риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникӣ хоҷагидорон талош доранд ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то ба 400 сентнерӣ расонанд. Бино ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ иқлим ва майдони кишоварзии ноҳияи Деваштич ба картошкапарварӣ мутобиқ буда, кишоварзон метавонанд дар як мавсим то ду се ҳосил ба даст оранд. Кишти картошка дар ноҳия идома дошта, деҳқонон барои боло бурдани нишондиҳанда ҷаҳду талош меварзанд.
