Дар шаҳри Хуҷанд марҳилаи дуввуми лигаи баскетболи вилояти Суғд байни калонсолон оғоз гардид. Дар ин чорабинии варзиши 9 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доранд. Лигаи баскетболи вилояти Суғд бо ташаббуси дӯстдорони баскетбол ва дастгирии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо мақсади рушду оммавияти ин намуди варзиш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ шудааст. Вохӯрии дастаҳо дар доираи мусобиқаи мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор мешаванд.
