Ҳамасола санаи 14-уми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии донорҳои хун таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана дар қаламрави кишвар, хосатан вилояти Суғд чорабиниҳои мухталиф баргузор гардидаву сафи ихтиёриёни супорандагони хун афзун мегардад. Шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон аз ин мавзӯъ огаҳи пайдо менамоянд ва муҳим аз ҳама арзи сипос ба донорҳо дониста мешавад. Соли равон аз санаи 5-уми май то 14-уми июн дар филиали муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» чорабиниҳои алоқаманд ба Рӯзи умумиҷаҳонии донорони хун ташкил карда шуд. Дар ин муддат дар маркази хуни вилоят 1950-нафар хунсупорӣ намуданд. Дар сабқат кормандони муассисаҳои табобатӣ, таълимӣ, донишгоҳҳо, корхонаву ташкилот, умуман шумораи зиёди шаҳрвандон иштирок намуданд. Дар рафти чорабинии идона гуруҳи калони кормандони марказ ва инчунин донорони фаъолу собиқадор бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
