Боғдорӣ аз соҳаҳои рушдкардаи хоҷагии деҳоти вилоят маҳсуб ёфта, таи солҳои охир тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзун намудани масоҳати боғот ва ҳаҷми истеҳсоли мевагиҳо бо ҷорӣ намудани усулҳои муосири боғдорӣ дар сохтори кишоварзӣ чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Боғоти зардолу дар миқёси вилоят паҳн гардидаву баробари таъмини бозори дохила маҳсулоти он ба содирот нигаронида шудааст. Шаҳру ноҳияҳои агросаноатии Исфараву Конибодом ва Ашту Б. Ғафуров аз минтақаҳои асосии зардолупарвар ба ҳисоб мераванд. Алҳол дар ҳудуди хоҷагиҳои ин шаҳру ноҳияҳо бо назардошти пухта расидан ҷамъоварии зардолу оғоз шудааст.
