Дар вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ баъди ғунучини ғалладонагиҳо кишти такрории зироат гузаронида мешавад. Кишти такрорӣ асоси амнияти озуқаворӣ маҳсуб ёфта, барои арзон шудани бозори истеъмолӣ заминаи воқеъи мегузорад. Кишоварзон заминҳои дар ихтиёрдоштаи худро самаранок истифода бурда, аз як замин чанд ҳосил мерӯёнанд. Гирифтани ду се ҳосил аз як замин имконият медиҳад, ки бозори дохили бо маҳсулоти тару тоза таъмин ва талаботи мардум қонеъ гардонида шавад. Тавре олимони соҳаи кишоварзӣ таъкид менамоянд, шароити хоку иқлими вилояти Суғд барои рӯёнидани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ дар кишти такрори хело мусоид мебошад. Аз ин рӯ баъди ғунучин намудани ҳосили асосӣ гузаронидани кишти такрорӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад.
